Ошкор кардани 20 мошин бо маҳсулоти қочоқӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

© Фото : Пресс-служба Государственной службы миграцииГрузовик с товарами, архивное фото
Грузовик с товарами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми як моҳ марзбонони тоҷик 20 адад мошинҳои боркашеро, ки ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ сарҳади давлатиро убур карда, ба кашонидани маҳсулот машғул буданд, боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва шаҳри Исфара ба қочоқи маҳсулот машғул буданд.

Марзбонон шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро боздошт намуданд, ки ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ, марзи давлатиро убур карда, бо мошинҳои боркаши худ маҳсулоти гуногунро қочоқ мекардаанд.

Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонони қирғиз дар Исфара чӯпонҳои тоҷикро лату кӯб карданд

Зимни амалиёте, ки моҳи августи соли равон анҷом ёфт, 11 мошини боркаши "Портер", 1 "ЗИЛ", 2 "Газел", 6 мошини боркаши "Мерседес" боздошт шуд.

"Ҳангоми тафтиши мошинҳои боркаш, беш аз 16 ҳазор кило меваи хушки зардолу, 400 кило маҳсулоти сабзавотӣ, 1250 кило нурии минералии навъи силитра, 1500 адад тунукаи алюминӣ, 17 тоннаю 500 кило маводи сӯзишвории ангиштсанг, ҳазор литр маводи сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 15 м3 маҳсулоти сохтмонии тахта ва ғайра дарёфт ва мусодира карда шуд", — гуфтааст Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид кардааст, ки пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти интизомии дахлдори вилояти Суғд супорида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0