Дар баробари паҳншавии ислом дар ҳар гушаву канори ҷаҳон масҷидҳои зебо низ сохта шуданд. Масҷидҳои сохташуда натанҳо сабки меъмориашон ҷолиб аст балки нақшу нигори дохили масҷид низ таваҷуҳи ҳар як шахсро ба худ ҷалб менамоянд.
Аксҳои зеботарин масҷидҳои дунё дар нигорнамои мо.

1/15
© Kirill Makarov
Масҷиди Лала Мустафо-пошо дар Фамагусти Кипр

2/15
© AFP 2023 / Omar Salem
Масҷид ул-Ҳаром — аз ҳама бузургтарин масҷид дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин ва муқаддастарин азизи дини ислом Каъба дар ҳамин масҷид қарор дорад. Масҷид дар шаҳри Макка, Арабистони Саудӣ мавқеъ гирифтааст

Масҷиди Носир-ал-Молик дар Эрон бо гулҳои садбарг нақошӣ шудааст

4/15
© Pixabay
Масҷиди кабуд дар Истанбул яке аз намунаҳои беҳтарини меъмории дунёи ислом ба ҳисоб меравад. Аҷоибии ин масҷид дар меҳробаш мебошад, ки куллан аз санги мармар тарошида шудааст

Масҷиди Вилоят Персекутуан, бо усулҳои омехтаи императории Усмонӣ ва меъмории малайзӣ сохта шудааст

6/15
© AFP 2023 / Manan Vatsyayana
Масҷиди Путра дар Малайзия ба масҷидҳои Шайх Умар дар Бағдод ва Шоҳ Ҳасан дар Касабланкемонандӣ дорад. Масҷид аз хорасанги сурх сохта шудааст

Духтар дар тамошои нақшу нигори бузургтарин масҷиди шаҳри Санкт-Петербург

8/15
© AP / K.M. Chaudary
Масҷиди Вазир Хон дар Покистон дар шакли классикии муғулӣ сохта шуда деворҳои берунаш бо нақшу нигори ҷолиб оро дода шудааст

Масҷиди Қул Шариф дар шаҳри Қазон, бо мармари сафед сохта шуда, (дар вақти фурӯ рафтани офтоб масҷид ранги гулобӣ мегирад) гунбаз ва нӯги манораҳояш бо фирӯзаранг оро дода шудааст.

Масҷид асосии шаҳри Маскав бо усулҳои византӣ сохта шуда, гунбазу бурҷ ва манораҳои гуногунҳаҷм дорад. Дар рӯзҳои Ид ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик ба ин масҷид намозхонӣ мераванд

11/15
© AFP 2023 / Mark Navales
Масҷиди гулобӣ ва ё масҷиди Димауком дар соли 2014 сохта шудааст. Ба ақидаи шаҳрдори вилоят ранги гулобии масҷид нишонаи ишқ, сулҳ ва якдигарфаҳмӣ мебошад.
Islam's holy month of Ramadan is calculated on the sighting of the new moon and sees Muslims all over the world fasting from dawn to dusk.
Islam's holy month of Ramadan is calculated on the sighting of the new moon and sees Muslims all over the world fasting from dawn to dusk.

Масҷиди шаҳри Кордоваи Испания – яке беҳтарин намунаи меъмории мавританӣ ба шумор меравад

Бузургтарин масҷиди Япония -Ҷомеъи Токиё мебошад. Яке аз хусусиятҳои масҷиди мазкур манораи он мебошад. Аз ин манораи баланд муаззин мусалмононро ба намоз даъват мекунад.

Масҷиди Султони Кобус дар Яман масоҳаташ 416 ҳазор метри мурабаъро ташкил медиҳад. Дохили бино бо мармари сафед ва бурранг ороиш дода шудааст. Гунбаз бо нақшу нигори зебо оро дода шудааст

Масҷиди шайхи Зайд дар Абу-Дабӣ яке аз масҷидҳои калонтарини дунё ба ҳисоб меравад. Масҷид ба ифтихори ососгузор ва нахустин раисҷумҳури Ааморати Муттаҳидаи Араб шайх Зайд ибни Султон-ан-Нахаян номгузорӣ шудааст