Вазорати нақлиёт: то ҳалли мушкилот интиқолдиҳандагон аз дигар масирҳо истифода намоянд

© Фото : пресс-служба правительства КРФуры на границе Казахстана и Кыргызстана
Фуры на границе Казахстана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанд рӯз аст, ки гузариши мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди Туркманистон маҳдуд карда шудааст. Айни ҳол дар гузаргоҳҳои сарҳадии Эрону Туркманистон ва Узбакистону Туркманистон нақлиёти боркаши тоҷик банд шудаанд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Вазорати нақлиёт ба интиқолдиҳандагони Тоҷикистон тавсия додааст, ки то ҳалли масъала аз дигар масирҳо яъне тавассути ҳудуди Озобойҷон, Қазоқистону Туркманистон истифода намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

"Аз ин хотир то ҳали ин қазия Вазорати нақлиёт ба интиқолдиҳандагони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз дигар масирҳо, яъне тавассути ҳудуди Озобойҷон, Қазоқистону Туркманистон истифода кунанд. Ин роҳ тӯлонитар назар ба роҳи Туркманистон-Узбакистон-Тоҷикистон аст вале айни ҳол ягона илоҷ ҳамин аст",- таъкид кардааст манбаъ.

Фуры на границе Казахстана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон
Туркманистон намегузорад мошинҳои боркаш ба сӯи Тоҷикистон раванд

Дар ҳамин ҳол Вазорати нақлиёт ба Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар ин бора муроҷиат намудааст, вале то ҳол аз ҷониби Туркманистон ҷавоби расмӣ наомадааст.
Ёдрас мешавем, ки як ҳафта мешавад, ки мошинҳои боркаше, ки аз Эрон ба сӯи Тоҷикистон мераванд, наметавонанд марзи Туркманистонро убур кунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, Ишқобод иҷозат надодааст, ки мошинҳои боркаше, ки ба Тоҷикистон мераванд, воруди ин кишвар шаванд.

Ронандаҳои мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи марзии Лутфобод-Артик мегӯянд, ки марзбонони Туркманистон аз шарҳ додани масъала худдорӣ мекунанд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои хабарӣ.

Дар ҳоли ҳозир дар назди гузургоҳи марзӣ беш аз 100 мошини боркаш ҷамъ омадааст. Ронандаҳо дар интизори иҷозати мақомоти Туркманистон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0