ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бахшида ба рӯзи таҷлили ҷашни истиқлолият сирки давлатии Тоҷикистон аз 8 то 10-уми сентябри соли ҷорри барои тамошобинон барномаи нави ҳунарӣ пешниҳод намудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Барои нахустин бор аст, ки дар барномаҳои Сирк 11 ҳунарманди ҷавоне, ки омӯзишгоҳи давлатии Сирк ва санъати эстрадаи ба номи Румянтсеваи шаҳри Маскавро хатм кардаанд, иштирок менамоянд.
Таъкид шудааст, ки онҳо дар доираи барномаи рушди санъати сирк, ки бо дастгирии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ройгон дар Маскав таҳсил кардаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, сирк ба тамошобинон баромади акроботон, варзишкорон, кордбозон, ширинкорон, дорбозон ва ғайраро пешкаш хоҳад кард.
Инчунин дар барномаҳо иштироки ҳайвоноти гуногун пешбини шудааст. Аз ҷумла тамошобинон метавонанд аз саҳнаҳои хирс, маймун ва мор тамошо кунанд.
Рӯзи Истиқлолият дар Тоҷикистон 9-уми сентябр таҷлил мегардад.
Қарор аст, имсол Истиқлолият начандон пуршукуҳ таҷлил шавад. Таҷлили бо тантанаи ҷашни Истиқлолият дар соли 2021 ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.