Афзоиши миқдори хонандаҳо дар мактаби пойгоҳи низмиёни 201-уми Россия дар Душанбе

© © Пресс-служба ЦВОВ День знаний в школе №6 Минобороны Российской Федерации при 201 военной базе прозвенел первый звонок
В День знаний в школе №6 Минобороны Российской Федерации при 201 военной базе прозвенел первый звонок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол ба мактаби пойгоҳи низомиёни 201-уми Русия дар Душанбе 120 хонанда ба синфи якум ворид шуд, аммо занги аввал барои зиёда аз ҳазор наффар хонанда садо дод

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар рӯзи дониш дар мактаби №6-и Вазорати дифои Русия дар назди пойгоҳи низоми 201-ум барои хонандагони синфи якум, ки миқдорашон ба маротиб афзоиш ёфтааст, занги аввал садо дод, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии пойгоҳ.

Имсол ба миқдори мактаббачаҳо 120 нафарро ташкил медиҳад. Аммо занги аввал барои зиёда аз ҳазор хонанда садо дод, гуфтааст манбаъ.

Дар сафкашии тантанавӣ, кӯдаконро фармондиҳи пойгоҳи 201-ум, волидайн, омӯзгорон ва намояндагони корхонаву ташкилотҳои Русия дар Тоҷикистон ба рӯзи аввали таҳсил табрик намуданд.

Ҳамчун анъана дар ин рӯз диққати ҳамагон ба хонандагони синфи як равона шуда буд.

"Аз номи худам ва фармондеҳони пойгоҳи 201-ум мехоҳам ба ҳамагон фарорасии соли хонишро табрик гӯям. Ин мактаб 21-ум маротиба аст, ки дарҳои худро барои хонандагон боз менамояд. Ба волидайнатон тоқатфарсо ва ба хонандаҳо мувафақияту бо баҳои баланд анҷом додани соли хонишро таманно дорам", — гуфт полковник Евгений Бровко. 

Лентаи хабарҳо
0