ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти низомии Чин, боздиди генерал Сю аз се кишвари Осиёи Марказӣ аз 1 то 9 сентябри соли равон сурат мегирад.
"Генерал аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон боздид карда, бо роҳбарият ва фармондеҳони кишварҳои мазкур мулоқот хоҳад кард. Инчунин боздид аз иншооти низомӣ дар назар аст", — омадааст дар иттилоия.
Пекин эълон кардааст, ки сафари Сю Силлиан барои таҳкими эътимод ва густариши ҳамкориҳои низомии Чин бо Тоҷикстон, Қазоқистон ва Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.
Сю Силлиан, ноиби раиси Комиссияи марказии низомии Чин мебошад. Роҳбарии ин Комиссияро, ки мақоми олии муайянкунандаи сиёсати Чин дар умури низомӣ ба шумор меравад, бевосита раисиҷумҳур Си Ҷинпин ба уҳда дорад.
Сафари генерали воломақоми Чин дар ҳолест, ки ҳамкориҳои низомии ин кишвар бо Тоҷикистон дар ҳоли таҳким мебошанд. Ахиран размоиши муштараки низомиёни тоҷику чинӣ дар ноҳияи Ишкошим гузаронда шуд.
Инчунин Чин бо маблағҳои грантӣ дар марз бо Афғонистон, қисмҳои низомӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва комиссариатро бунёд мекунад. Қаблан ин кишвар бо харҷи ҳудуди 15 миллион доллар дар шаҳри Душанбе бинои "Хонаи афсарон"- ро сохта ба истифода дод.