Раисҷумҳур аз хизматрасонии ҳамшираҳои тиббӣ изҳори норозигӣ кард

© SputnikОткрытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане
Открытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дод, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва коллеҷҳо, ки ба тарбияи ҳамшираҳои тиббӣ машғуланд санҷида шавад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сухаронӣ дар "Рӯзи дониш" дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз хизматрасонии ҳамшираҳои тиббӣ дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард.

" Бояд гуфт, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби ҳамшираҳои тиббӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд",  — гуфт раисҷумҳур.

Тавре президент афзуд, дар фаъолияти коллеҷҳои тиббии давлативу хусусии аксарияти шаҳру ноҳияҳо камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.

"Аз таҳлилҳо бармеояд, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои миёнаи касбии соҳаи тандурустӣ ғайриқаноатбахш мебошад. Илова бар ин, то ба ҳол на ҳама китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ таълиф гардидаанд", — таъкид дошт кишвардор.

Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуданд, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи тиббӣ, хусусан, коллеҷҳои тиббии ғайридавлатиро ҳамаҷониба санҷида, хулосаи худро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар мамлакат 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, аз ҷумла 8 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 36 500 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0