Муборак бод: барқияи шодбошии Путин ба Мирзиёев

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар номаи табрикотии худ раисҷумҳур дастовардҳои Узбакистонро дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ махсус қайд кард

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёевро бо ҷашни Истиқлолият табрик кард ва аз идомаи ҳамкориҳои стратегӣ бо кишвар изҳори боварӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Кремл хабар медиҳад.

"Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолят ба раисҷумҳури Узбакистон барқияи шодбошӣ ирсол кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бино бар иттилои манбаъ, дар номаи шодбошӣ Путин дастовардҳои Узбакистонро дар тӯли истиқлолият дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ махсус қайд кард.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳур афзудааст, раисҷумҳури Русия ҳамчунин "ба сатҳи муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дод, ки дар асоси суннатҳои хуби дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ сурат гирифтаанд. Президент аз зарфияти бештари  ҳамгироии стратегии дуҷониба ва ҳамчунин таъомули арзанда дар умури минтақавӣ изҳори боварӣ кард".

Узбакистон имрӯз, 1 сентябр ҷашни Истиқлолиятро таҷлил мекунад.

Лентаи хабарҳо
0