ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кушташуда Ҷумъахон Валади Амонуллоҳ, сокини вилояти Тахор мебошад. Амалиёт алайҳи қочоқбар дар қаламрави ноҳияи Ҷайҳун муштаракан бо марзбонони тоҷик гузаронда шудааст.
Ба иттилои мақомоти тоҷик зимни амалиёт қочоқбар муқобилият нишон дода, дар ҷои ҳодиса безарар гардонда шуд.
ВУД афзуд, ки аз қочоқчӣ 20 кило афюн мусодира гардид.