Зани туркман дар интизори раводид ба Тоҷикистон ҷон дод

© PixabayМедицинские носилки, архивное фото
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як зани миёнсол дар интизори раводид барои писараш дар пеши сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ҷон додааст

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар арафаи соли нави хониш, хоҳишмандони гирифтани раводид ба Тоҷикистон аз ҳисоби донишҷӯёни туркману волидонашон ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Ба навиштаи расонаҳо зани марҳум низ ҳамроҳи фарзанди донишҷӯяш тайи ду ҳафтаи охир дар навбати раводид ба Тоҷикистон будаасту асабӣ ба назар мерасидааст. Ниҳоят бар асари гармии шадид, ки Ашқободро фаро гирифтааст, аз даҳону бинии ин зан хун ҷорӣ шудааст ва ӯ дар дохили худрави ёрии таъҷилӣ дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Лентаи хабарҳо
0