Ҷӯрабек Муродов дар бораи дӯстӣ бо Кобзон, охирон дидор ва накӯкории ҳунарманд

© Фото : JM CompanyДжурабек Муродов, архивное фото
Джурабек Муродов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарки дунёи фонӣ кардани Иосиф Кобзон барои ҷаҳони мусиқӣ бохти бузургест, мегӯяд овозхони тоҷик Ҷӯрабек Муродов

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Овозхони номдори тоҷик, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аз даргузашти Иосиф Кобзон изҳори таассуф мекунад.

Овозхон ва вакили Маҷлиси Русия Иосиф Кобзон 30 август  дар синни 81-солагӣ даргузашт.

Тарки дунёи фонӣ кардани Иосиф Кабзон барои ҷаҳони мусиқӣ бохти бузургест, гуфт овозхони тоҷик Ҷӯраек Муродов ба РИА Новости.

"Мо бо вай тайи солиёни зиёд дӯстӣ доштем, хонаводаҳои мо бо ҳамдигар дӯстӣ мекарданд, ман доим дар рафти сафарҳоям ба Маскав бо ӯ дидор мекардам. Дурудароз сӯҳбат мекардем. Ин бохт на танҳо барои наздикону дӯстонаш, балки барои ҷаҳони мусиқӣ бохти бузургест", — мегӯяд ҳунарманд.

Певец, первый заместитель председателя комитета Государственной Думы РФ по культуре Иосиф Кобзон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иосиф Кобзон даргузашт

Ба гуфтаи Ҷӯрабек Муродов, дар ҷашни 70-солагии ҳунарманд иштирок кардани Иосиф Кобзон барои вай ифтихори бузург буд.

"Дар дунё дигар инсоне мисли вай нест: мутахассиси бузург, нафаре ки доим ба ҳама кӯмак мекард. Вай Худод инсоне буд, ки бе ягон  ғараз кӯмаки худро дареғ намедошт", — гуфт вай.

"Вақте ки бемории дӯстам хабардор шудам, чанд маротиба ба ӯ занг задам. Мутаассифона, вай беҳуш буд ва мо натавонистем сӯҳбат кунем. Имрӯз ба Нелли (ҳамсари Кобзон — идора)" занг задам, вале вай кас маҷоли ба зангҳо посух гуфтанро надоранд. Ман ба воситаи ёварашон изҳорӣ ҳамдардӣ кардам", — афзуд  ҳунарманд.

Ба гуфаи Ҷӯрабек Муродов, хабари даргузашти Кобзон ӯро бисёр ошуфта кард ва ҳатман дар маросми видоъ бо ҳунарманд иштирок хоҳад кард.

"Вай дӯсти бузурги Тоҷикистон буд ва кишвари маро бисёр дӯст медошт", — гуфт ҳунарманд.

Лентаи хабарҳо
0