ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.Бино бар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, низомиёне, ки муҳлати муқарраршудаи хидмати низомиро то моҳи октябр ё ноябри имсол ба поён мерасонанд, рухсат шуда, ба ҷойи онҳо ҷавононеро, ки синни 18 расидаанд барои анҷоми хидмати вазифа даъват карда мешаванд.
Дар ин фармон таъкид шудааст, ки раисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои низомӣ "даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ" дар Неруҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, неруҳои вижаи Вазорати умури дохила, неруҳои дифоъи ғайринизомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳанги нигаҳбонии Идораи кулли иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати додгустарӣ ва гурдони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсусро ба роҳ монанд.
"Моҳҳои октябр — ноябри соли 2018 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд", — омадааст дар фармони раисҷумҳур.