ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи шартномаи мазкур, ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" бо харҷи 5 миллион сомонӣ муассисаҳои таълимӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистонро таъмиру тармим мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Гулистон.
Шартномаи мазкур аз сӯи Матлубахон Амонзода, раиси шаҳри Гулистон ва Вен Ю Дао, и.в. директори генералии ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" дар бинои дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ба имзо расонданд.
Матлубахон Амонзода, раиси шаҳри Гулистон зимни маросими имзои шартнома, таъкид кард, ки корхонаи мазкур яке аз корхонаҳои калонтарини саноати кӯҳӣ маҳсуб ёфта, дар раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар шаҳр саҳми арзанда дошта, дар рушди соҳаи иҷтимоӣ иштироки фаъолона дорад.