Ориф Нозимов сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон таъин шуд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМинистерство обороны РТ, архивное фото
Министерство обороны РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати дифои Тоҷикистон Ориф Низомовро ба вазифаи сухангӯи вазорат таъин намудааст. Фаридун Маҳмадализода, барои такмили ихтисос ба Русия равон карда шудааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Собиқ сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода барои такмили ихтисос ба Донишгоҳи низомии Вазорати дифои Русия равон карда шудааст, иттилоъ медиҳад Вазорати дифои Тоҷикистон.

Ба гузориши манбаъ, роҳбарияти вазорат дар ҷойи Фаридун Маҳмадализода, майор Ориф Низомовро тайин намудааст.

Ориф Низомов, қаблан дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон фаъолият мекард.

Лентаи хабарҳо
0