Баъди лату кӯби меҳмондор: ҷавони ҷанҷолии тоҷикро ба ҳабс мегиранд

Обуна шудан
Пештар хабар дода шуд, ки ҳавопаймои парвози Маскав-Душанбе бо далели сар задани ҷанҷол ва таҳдиди ҷавони тоҷик ба фурудгоҳ баргашт

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки муфаттишон мехоҳанд, ки мусофири ҷанҷолии парвози  Москав-Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад.

Пештар маълум гардид, ки ҳавопаймои Москав-Душанбе бо далели сар задани ҷанҷол ба фурудгоҳ баргашт. Нисбати ҷавони тоҷик бо моддаи "Авбошӣ дар ҳавопаймо" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Шаҳрванди Тоҷикистон — ҷавоне, ки ба меҳмондор дарафтода, ба мусофирон таҳдид кард, ки бомб дорад, аз ташхиси машруботи спиртӣ ва маводи мухаддир худдорӣ мекунад. Фардо тафтишот аз додгоҳ хоҳиш мекунад, ки ҷавони ҷанҷолӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, 29 август ҳавопаймои парвози Москва-Душанбе бо далели сар задани ҷанҷол дар ҳавопаймо ҳангоми парвоз ба фурудгоҳи Жуковский баргашт.

Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи тафтишотии Русия, марди тоҷик дар ҳавопаймо ҷанҷол бардошта, меҳмондорро як торсакӣ задааст ва таҳдид кардааст, ки бомб дорад.

 

Пештар дар наворе намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия аз ҷавон Давлатқадомов Давлатқадам ном бурда, ӯро бозпурсӣ мекард.

Ҷавон ба саволҳои муфаттиш посухи рад дод ва таҳдид кард, ки "навор ба дасти одамони лозима мерасад".

Лентаи хабарҳо
0