ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба сиёсатмадорон ва ҳунармандону арбобони ҷамъият ва илми Тоҷикистон ҷоиза дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.
Мувофиқи фармони раисҷумҳур, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени "Фидокорона хизматлар учун" (Барои хизматҳои фидокорона) сарфароз гардиданд.
"Ҷоизаҳо барои саҳми бузург дар рушди дӯстии бисёрасраи мардуми бародари Тоҷикистону Узбакистон, фаъолияти босамар дар гусариши равобити фарҳангӣ, нигаҳдошт ва рушди меъроси таърихӣ ва арзишҳову суннатҳои маънавӣ, хизматҳои шоиста дар тасеаи тиҷорати ду тараф ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамкориҳои стартагии байни кишварҳоямон дода мешавад" — гуфта мешавад дар фармон.
Ҳамчунин раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷкистон Низом Қосим, мудири шӯъбаи дастхатҳои Академияи улуми Тоҷикистон ва дигарон бо ордени "Дӯстӣ" мукофотонида шуданд. Ба Давлатманд Холов ва Атҳам Холов — ҳунармандони номдори тоҷик унвони "Ҳунарманди мардумии Узбакистон" дода шуд.