Загарин: Тоҷикистону Узбакистон бояд байни худ масъалаҳои зиёдеро ҳал намоянд

© © Sputnik / Владимир СергеевМикрофон в студии радио Sputnik, архивное фото
Микрофон в студии радио Sputnik, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Игор Загарин, дотсенти кафедраи фанҳои иҷтимоӣ-гуманитарии факултаи илмҳои иқтисодӣ ва сиёсии Донишгоҳи иқтисоду идораи умури умумии Русия дар бораи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи сафари расмиаш ба Узбакистон қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он мошинҳои сабукрав ва автобусҳои мусофиркаши кишварҳи ҳамсоя барои убури  сарҳади Тоҷикистон аз пардохти хироҷи давлатӣ озод мешаванд.

Коршинос бар онаст, ки ин аввалин қадамҳо барои беҳтар намудани муносибатҳои кишварҳост ва барои ҳамин зиёд шодӣ кардан лозим нест, чунки Тоҷикистону Узбакистон бояд чандин масъалаҳои дигарро ҳал намоянд.

“Навовариҳое, ки мегузарад, мусбӣ мебошанд, аммо таҷрибаҳои пешина нишон медиҳанд, ки хушбиниҳои зиёде бояд интизор надошта бошем, чунки кишварҳои бояд чандин масъалаҳои дигарро ҳал намоянд”, – таъкид кард коршинос дар суҳбат бо Sputnik  Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Загарин, то замоне, ки кишварҳо аломатгузории сарҳади давлатиро пурра ҳал накунанд, ин масъала ба рушди ҳамкории ду кишвар  мушкилиҳо ворид мекунад.  

Шарҳи пурраи коршинос дар шакли садо гуш диҳед.

Лентаи хабарҳо
0