Ҳама ба пахтачинӣ: дар вилояти Суғд барои ғуну чини пахта ситод ташкил шуд

© AFP 2023 / STR / AFPХлопок, архивное фото
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 августи соли 2018, №364 ба тасвиб расид

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ дар вилоят Ситоди вилоятии "Ҳосил-2018" таъсис дода мешавад.Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 августи соли 2018, №364 ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур ҳайати Ситоди вилоятии "Ҳосил-2018" тасдиқ гардида, раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар назар аст, ки миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда шавад. Ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат гирифта, давраҳои минбаъдаи он ҳар 20 рӯза ҷамъбаст мешавад.

Лентаи хабарҳо
0