ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28 август дар доираи ифтитоҳи мактаби 55 дар шаҳри Душанбе дар ҳузури намояндагони соҳаи маориф ва хонадангону муаллимон суханронӣ намуда, хабар дод, ки барои мактабҳои Тоҷикистон барномаи алоҳидаи давлатӣ татбиқ шуда истодааст.
Ба гуфтаи раисҷумҳур ин барномаи барои дастгирии хонандагони болаёқат таҳия хоҳад шуд.
"Бо мақсади тарбияи шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии муосиру пешрафта ва ҳисси баланди миллӣ, худогоҳу худшинос ва ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии хонандагони болаёқат ҳоло барномаи алоҳидаи давлатӣ татбиқ шуда истодааст", — гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, дар доираи барномаи мазкур ба масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, малакаи касбии омӯзгорон ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир аҳаммияти махсус дода мешавад.
Ёдрас мешавем, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ширкати раисҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе мактаби рақами 55 ба истифода дода шуд.