Латукӯби шабонаи марди хориҷӣ ва зани тоҷик дар Душанбею Хуҷанд

Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон як ҳолати ғорат ва латукӯби шаҳрванди хориҷиро дар маркази Душанбе ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  марди 21-сола, шаҳрванди Туркманистон, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад, шикоят бурдааст.

Ҷавони туркман арз доштааст, ки шаби 25-уми августи соли 2018, тахминан соати 23:30 дар назди бинои истиқоматиаш мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифтааст.

Мигранты в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав ниқобпӯшони силоҳбадаст муҳоҷиронро ғорат ва латукӯб карданд

Ба иттилои ҷабрдида, шахси ҳамлагар дар пайи латукӯб телефони мобилии тамғаи "Самсунг Ҷ-2"-ро, ки арзишаш 1335-сомонӣ мебошад, ситонда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи кофтукоб муттаҳам дар ин ҷиноят,  марди 22-сола, сокини шаҳри Душанбе боздошт гардид.

Манбаъ афзуд, ки инчунин зани тоҷик шабона дар шаҳри Хуҷанд мавриди ғорату латукӯб қарор гирифтааст.

Ҷабрдида, сокини 41-солаи шаҳри Гулистон,  ба мақомоти милисаи Хуҷанд муроҷиат карда, арз доштааст, ки  шаби 25 ба 26-уми августи соли 2018, тахминан соати 02:30,  дар назди бинои "Бозии Саққо", воқеъ дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд ҷавони 20-сола ӯро ғорату латукӯб кардааст.

Зан изҳор доштааст, ки ҳамлагар  1 телефони мобилии тамғаи "Редми", арзишаш 1700 сомонӣ, 1  занҷираи тиллоӣ, арзишаш 2100 сомонӣ ва 500 сомонӣ пули  нақд, ҷамъ ба маблағи 4310 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати гумонбарони ин ҷиноятҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0