24-уми августи бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи амалишавии лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд" боз 25 адад автобусҳои мусофиркашонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Бояд қайд кард, ки автобусҳои мусофиркашонӣ дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд" ба маркази вилоят ворид гардида, ҳадаф беҳсозии ҳолати кунунии хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 26 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст.
"Автобсуҳои нав нисбат ба автобусҳои қаблан воридшуда калонҳаҷм буда, дарозии он 12 метр мебошад. Ҳар як автобус барои ғунҷоиши зиёда аз 100 мусофир пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар дохили автобус барои маъюбон имконоти мусоиди баромаду фаромад фароҳам омадааст. Автобусҳои наву замонавӣ тамғаи "ЛИАЗ" буда, истеҳсоли Русия мебошад", — гуфт раиси вилоят.
Ҳамакнун бо амалӣ гаштани марҳилаи дуввуми лоиҳаи зикршуда хатсайри автобусҳо боз ҳам фарохтар гардид. Ҳаракати ин автобусҳо аз маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, то шаҳри Бӯстон идома меёбад. Ҳамчунин, Раиси вилоят дастур дод, ки дар оянда ба самти шаҳри Гулистон низ хатсайри автобусҳо ташкил ва ба роҳ монда шавад. Ронандагони нақлиётҳои нави мусофиркашонӣ дар асоси озмун ба кор ҷалб карда шуда, мутахассисони соҳибтаҷриба ба ҳисоб мераванд.
Зимнан Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки фаъолияти муназзами автобусҳои нав ба роҳ монда шуда, дар интиқоли мусофирон ягон мушкилӣ ба миён наояд.






