Мусодираи 3 миллион рубли Фирдавс барои пинҳон кардан аз назорати гумрукӣ дар Хуҷанд

© Кумитаи гумруки ҶТБоздошти ҷавон ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонуни маблағ
Боздошти ҷавон ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонуни маблағ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Кумитаи гумруки Тоҷикистон ҷавон мехост маблағи калонро бо роҳи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол диҳад

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии маблағи калон аз Тоҷикистон ба Русия дастгир гардид, хабар медиҳад Кумитаи гумруки Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, тибқи маълумотҳои оперативӣ дар хатсайри №2956 самти "Хуҷанд-Екатеринбург" дар минтақаи назорати гумрукии фурудгоҳи байналмилалии "Хуҷанд" мусофир Пӯлотов Фирдавс Даврончонович аз муоинаи шахсӣ гузаронида шуд.

"Дар натиҷа аз бадани шаҳрванд Пӯлотов  миёнбанди худсоз ошкор ва дарёфт гардид, ки дар он  3 000 000 (се миллион) рубли Бонки Давлатии Федератсияи Россия дарёфт карда гирифта шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Номбурда ин миқдор маблағро мехост бо тариқи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия интиқол диҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Пӯлотов Фирдавс Даврончонович бо моддаҳои 32 қ 3 — 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти Суғд фиристонида шуд.

Лентаи хабарҳо
0