Тобистон идома дорад: дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон то 35 дараҷа гарм мешавад

© SputnikГород Душанбе весной. Парк Рудаки, Национальная библиотека.
Город Душанбе весной. Парк Рудаки, Национальная библиотека. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ муътадил боқӣ мемонад. Ҳарорат шабона 18-23 ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обаҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11+16, рӯзона 28-33 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  2+7 ва рӯзона +18+23 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +15 +20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0