Баъди садама: дар кӯҳҳои Тоҷикистон як гурӯҳи дигари кӯҳнавордон дармонданд

CC0 / Pixabay / Горы в Таджикистане. Архивное фото
Горы в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи кӯҳнавардон 12 рӯз аст, ки дар баландии чаҳор ҳазор метр дармондаанд. Ғизои онҳо тақрибан тамом шуда, саломаташон зери хатар аст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон  30 кӯҳнавард, аз ҷумла шаҳрвандони Русия наметавонанд аз қуллаи Исмоили Сомонӣ фароянд, хабар медиҳад телеграмм-канали Мash.

Бино бар иттилои манбаъ, 12 рӯз шудааст, ки кӯҳнавардон дар баландии 4 ҳазор метр дар лагере ночор мондаанд. Маводи хӯрокаи кӯҳнавардон қариб тамом шуда,  тбисёрашон бемор гаштаанд. Онҳо шикамдардва дардигулӯ шудаанд. Бархеашонро сармо задааст.

Сабаби дармондани кӯҳнавардон дар қуллаи Исмоили Сомонӣ обу ҳаво набудааст. Аз ширкати сайёҳӣ гуфтаанд, ки то анҷом ёфтани марҳилаи кӯҳнавардии онҳо чархбол намефиристанд.

Далели ин амали ширкатҳои сайёҳӣ дар он будааст, ки хизматрасонии чархбол гаронтарин бахши  роҳхат (2500 доллар) буда, фиристодани он барои баровардану фаровардани сайёҳон сарфакорона нест.

Пас аз кашмакашҳо ширкати сайёҳӣ ваъда додааст, ки 25 август кӯҳнавардонро аз қулла поин меорад.

Ёдрас мешавем пештар хабар дода шуд, ки 12 август соати 16:30 чархбол МИ-8 дар поёноби пиряхи Фортамбек дар минтақаи ноҳияи Лахши вилояти Хатлон гирифтори садама шуд. Дар пайи ин ҳодиса се кӯҳнавард ва ду сарнишин ҳалок шуданд. 

Лентаи хабарҳо
0