ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Сокини вилояти Хатлон Зулайхо Тиллоева дар озмуни "Соҳибкорзани сол — "Фараҳ-2018" пирӯз шуд.
Зулайхо Тиллоева дар номинатсияи "Истиҳсоли маҳсулоти хоҷагӣ" пирӯзиро ба даст овард. Ҳамчунин ба Зулайхо Тиллоева 100 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Дар маросими супурдани ҷоиза Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карда, шоҳҷоизаро ба беҳтарин зани соҳибкори тоҷик супурд.
Афзун бар ин, ҷоизаи "Фараҳ-2018"-ро дар номинасияҳои гуногун 5 зани дигар аз минтақаҳоии Суғду Хатлон соҳиб шуданд.
Чунончӣ, Умеда Гадойбоева — сокини вилояти Суғд дар соҳаи "Тандурустӣ ва маориф" барои саҳм дар рушди тандурустӣ, Лутфия Мамадкаримова —сокини ВМКБ дар соҳаи "Истеҳсолот", Каромат Ашӯрматова аз Суғд дар номинатсяи "Ҳунарҳои мардумӣ", сокини Шаҳритус Мавҷуда Ҷумаева дар соҳаи дӯзандагӣ ва Муборак Фатҳуллоева аз Шаҳринав чун пазандаи беҳтарин дар соҳаи "Хизматрасони дар соҳаи маишӣ" аз "Фараҳ-2018" ҷоиза гирфтанд.
Онҳо бо тӯҳфаҳои хотирмон ва шаҳодатнома сарфароз шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар озмуни ҷоизаи миллии "Фараҳ" беш аз 400 зан аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.