Дар сар тоқӣ дар тан ҷома: кӯдаки овозхони африқоӣ ситораи интернет шуд

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шудааст, ки дар он писарбачаи сиёҳпӯсте дар сар тоқӣ ва дар тан ҷома сурудеро ба забони узбакӣ иҷро мекунад

Африқоие бо либоси миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ таронаеро бо забонӣ узбакӣ иҷро карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур шудааст.

Ҳарчанд кӯдак нотаро риоя намекунад, ӯ мисли ҳунарманди ҳақиқие дар саҳна баромад карда, гоҳе табассум ҳам мекунад. Тоқиву ҷома ба вай ҳусни дигар мебахшанд.

Чун ин кӯдак ба забони узбакӣ суруд мехонад, вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбакистон ситора шудааст. Корбарон ҳунарнамоии вайро баррасӣ карда, шигифтзада шудаанд, ки чигуна кӯдаки африқоие ба забони онҳо овозхонӣ кардааст.

Аммо тавре бархе аз онҳо менависанд, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ африқоиҳои зиёде ба Тошканд омада, дар шаҳр мондаанд.

Ёдрас мешавем, пештар дар арафаи Иди Ғалаба дар Тоҷикистон як гурӯҳ кӯдакони боғча суруди машҳури "Смуглянка"-ро бозсароӣ карда, ситораи интернет шуда буданд. Пас аз ин баромадашон кӯдаконро ба маҳфил ва барномаҳои гуногун даъват карда, барояшон ҳадяҳо медоданд.

Лентаи хабарҳо
0