ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои масъулини энергетика, таъмиру таҷдид дар арафаи фасли сармо дар ҳамаи шабакаҳо бо навбат гузаронда мешавад.
Хабаргузории ТоҷикТА хабар додааст, ки имрӯз аз соати 9:00 то 16:00 интиқоли барқ дар маҳаллаи теппаҳои шарқӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Маяковский ва Ғафуров қатъ мешавад.
Омодагии "Барқи тоҷик" ба фасли зимистон дар ҳоле сурат мегирад, ки соли равон ин ниҳод хостори болобарии нархи барқ барои мизоҷон шудааст.
Қаблан Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, гуфт "Барқи тоҷик" пешниҳод намудааст, арзиши барқ дар кишвар 15 дарсад боло бурда шавад. Ӯ афзуд, ки асоснокии ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва хулосаашонро ба Ҳукумат пешниҳод намудаанд. Ба гуфтаи Одиназода феълан масъалаи мазкур дар баррасии ҳукумат мебошад.
Ин дар ҳолест, ки бори охир нархи барқ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба андозаи 15 дарсад боло рафта буд ва феълан мардум дар кишвар барои як киловат 16,8 дирам пардохт мекунанд. Дар сурати қабули пешниҳоди нави "Барқи тоҷик" нархи барқ барои аҳолӣ 19,3 дирамро ташкил хоҳад дод.