Фиреб дар бозори хонафурӯшии Душанбе: "миллион"-и нафақахӯрро гирифтанду хона надоданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСвязка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз фиребкорӣ дар бозори хонафурӯшии шаҳри Душанбе шикоят доранд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино-2, зани 63-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки соли 2017 дар кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт марди 41-сола, сокини пойтахт,  аз ӯ 150 ҳазор доллари амрикоӣ, муодили 1,4 миллион сомониро гирифта, як хонаи чорҳуҷрагӣ ва як хонаи дуҳуҷрагӣ ваъда додааст, аммо то ҳол иҷро накардааст.

Инчунин ба мақомоти умури дохилӣ марди 46-сола, сокини пойтахт алайҳи собиқ директори ЧДММ "Муҳаммад-2009" муроҷиат кардааст.

Ҷабрдида арз доштааст, ки собиқ мудири "Муҳаммад — 2009", соли 2017 аз ӯ 357 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, ба ивазаш  дар кӯчаи Шевченкои шаҳри Душанбе хонаи 3-ҳучрагӣ дар масоҳати 135 метри мураббаъ ваъда додааст.

"Аммо собиқ мудири ширкат маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид намудааст, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0