Мақомдорони тоҷик Раҳмонро ба Туркманистон гусел карданд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумуҳри Тоҷикистон барои анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Душанбе, Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазир, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Манбаъ афзуд, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимни сафар иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони минтақа — "Бунёди байналмилалии начоти Арал" дар назар аст.

Қарор аст дар ҷаласаи мазкур, ки дар шаҳри Туркманбошӣ баргузор мешавад,  масъалаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар беҳтар намудани вазъи экологии ҳавзаи дарёи Арал дар шароити тағйири иқлими саросарӣ баррасӣ шавад

Интизор меравад, пас аз маҷлис баёнияи муштараки Шӯрои сарони кишварҳо ҳавзаи дарёи Арал қабул гардад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи мазкур чанд мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад дод.

"Бунёди байналмилалии начоти Арал" соли 1993 бо ибтикори раисҷумҳури панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, ташкил шудааст.

Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон як ҳафта баъди боздидаш аз Узбакистон сурат мегирад. Таҳлилгарон мегӯянд, ин сафарҳо барои таҳкими ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0