https://sputnik.tj/20180823/1026541857.html
Узбакистониён оммавӣ Туркияро тарк мекунанд (НАВОР)
Узбакистониён оммавӣ Туркияро тарк мекунанд (НАВОР)
Sputnik Тоҷикистон
Садҳо шаҳрвандони Узбакистон, ки дар Туркия фаъолият доштанд, ҳамарӯза тарки кишвар мекунанд. Гуфта мешавад, онҳо бо далели беқурб шудани лири туркӣ тарки... 23.08.2018, Sputnik Тоҷикистон
2018-08-23T18:41+0500
2018-08-23T18:41+0500
2021-04-12T19:23+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102653/81/1026538120_6:0:2553:1440_1920x0_80_0_0_05190c7eb61df4234f0753357785ba98.jpg
ӯзбекистон
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2018
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102653/81/1026538120_134:0:2425:1440_1920x0_80_0_0_6ca5fca3fa07941974ac35eb8da98dbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, ӯзбекистон, туркия, таваррум
видео, ӯзбекистон, туркия, таваррум
Узбакистониён оммавӣ Туркияро тарк мекунанд (НАВОР)
18:41 23.08.2018 (Навсозишуда: 19:23 12.04.2021) Садҳо шаҳрвандони Узбакистон, ки дар Туркия фаъолият доштанд, ҳамарӯза тарки кишвар мекунанд. Гуфта мешавад, онҳо бо далели беқурб шудани лири туркӣ тарки кишвар мекунанд
Наворро аз фурудгоҳи Стамбул бахши узбакии хабаргузории Би-би-си паҳн кардааст.
Паст шудани қурби пули Туркия далели то ду маротиба кам шудани даромади муҳоҷирони узбак дар ҷумҳурӣ гаштааст.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ Узбакистон бори аввал интиқоли шаҳрвандонашро барои кор ба Туркия рӯи даст гирифт.
Ҳамчунин дар барои муҳоҷирати шаҳрвандони Узбакистон ба Туркия ду кишвар созишномаи вижа имзо карданд.
Мувофиқи он шаҳрвандони Узбвакистон бо бастани шартнома бо кордиҳанда ва иҷрои талаботи қонун дар Туркия фаъолияти меҳнатӣ карда метавонанд.
Гуфта мешавад, беқурбшавии лираи туркӣ дар ҳошияи тезу тунд шудани муносибатҳои Туркия ва Амрико ба миён омадааст.
Раисҷумҳури Амрико пештар гуфт, ки боҷи алюминий ва оҳани Туркияро аз 20 то 50 дарсад боло бурдааст.
Туркия дар посух ба ин амали Амрико боҷи 22 маҳсулоти амрикоиро боло бурд.