ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ороишгари машҳур аз Маскав Гоар Аветисян дар иди Қурбон иқдом гирифтааст, ки дар табобати кӯдаки сесолаи тоҷик кӯмак расонад.
Вай дар саҳифаи Инстаграм аз дӯстонаш даъват кардааст, ки дар ғами Муҳаммади хурдакак бетараф набошанд. Писарки сесола аз бемории иллати ҷигар азият мекашад.
Ҷигари Муҳаммад ба варами зарарнок (саратони ҷигар) гирифтор шудааст. Барои наҷоти вай амалиёти пайвандсозӣ лозим аст. Аммо волидони кӯдак имкони пардохти маблағи ҷарроҳиро надоранд.
"Мо бояд 3 миллиону 257 ҳазор рубли дигар ҷамъ варем. Шояд ҷамъ кардани ин миқдор маблағ ғайриимкон намояд, аммо агар аз 5 миллион аъзои саҳифаам ҳар яке 1 рублӣ диҳанд, тамоми маблағи лозима ҷамъ мешавад. Қатраҳо гар ҷамъ шаванд, дарё шавад. Корҳои некеро, ки имрӯз метавонед анҷом диҳед, ба фардо нагузоред", — навиштааст Гоар.
Пас аз чанде Гоар хабар дод, ки ҷаҳон аз одамони накӯ холӣ нест.
"Дӯстонам, барои накӯкорӣ ва меҳрубониатон изҳори миннатдорӣ баён мекунам. Бештар аз 5 ҳазор нафар барои кӯмак ба Муҳаммад кӯмаки молӣ расониданд", — навиштааст вай.
Ба гуфтаи ороишгар, ҳоло бештар аз 1 миллион рубл ҷамъ оварда шудааст, аммо барои ҷарроҳӣ кам аст.
Гоар аз аъзоёни саҳифааш хоҳиш кардааст, ки ҳатто имкони кӯмак моддӣ надошта бошанд ҳам, ин эъломи вайро паҳн кунанд.
Ёдрас мешавем, Гоар ба наздикӣ ба Тоҷикистон сафар карда буд. Вай ар кишвар барои духтарони тоҷик дарси маҳорати ҳунарӣ гузашт.
Ӯ дар Тоҷикистон ҳам барои иқдомҳои некаш вақт ҷудо кард.
Чунончӣ ӯ духатри 17-солаеро, ки дар хурдӣ бо хатогии пизишкон ба рӯяш захми чуқуре пайдо шуда буд, ба зебосанам табдил дода, ӯро хурсанд кард.
Аксеро, ки Гоар дар Инстаграм гузошт вокунишҳои зиёди аъзоёнашро дар пай дошт.