Дар Душанбе мусобиқаи Ҷоми тенниси раисҷумҳури Тоҷикистон шурӯъ шуд

CC0 / Pixabay / Настольный теннис, архивное фото
Настольный теннис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи мазкур барои ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 10 000 сомонӣ, ҷои дуюм 8 000 сомонӣ ва ҷои сеюм 5 000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Шоми имрӯз, 23 август соати 18:00 дар Қасри тенниси тобистона, воқеъ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти "Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" оғоз мегардад, хабар медиҳад Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Дар мусобиқа иштироки варзишгарон аз Амрико, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Украина дар назар аст.

"Мусобиқа аз 23 то 27 августи соли равон доир мегардад. Дар мусобиқаи мазкур барои ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 10 000 сомонӣ, ҷои дуюм 8 000 сомонӣ ва ҷои сеюм 5 000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Соли нӯҳум аст, ки дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти "Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0