Шикояти сокинон аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальная сеть "Фейсбук", архивное фото
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархе аз корбарони интернет дар Тоҷикистон аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук хабар доданд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Корбарони интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, мушкилоти дастрасӣ ба Фейсбук субҳи имрӯз оғоз гардид. Ба гуфтаи онҳо, тақрибан соати 10-12-и имрӯз мушкилот оғоз гардиданд ва феълан вуруд ба Фейсбук тариқи филтршиканҳо сурат мегирад.  

Женские руки с гаджетами - Sputnik Тоҷикистон
Tcell масдудияти шабакаҳои иҷтимоиро тасдиқ кард: ташаккур барои сабурӣ

Мақомоти умури алоқа ва ширктаҳои мобилӣ то ҳол дар ин бора шарҳе надодаанд.

Ин дар ҳолест, ки даҳаи аввали моҳи равон низ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук дар Тоҷикистон маҳдуд гардида буд.

Ширкати Tcell, аз сермизоҷтарин ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон бо ирсоли паёмак ба мизоҷон мушкилоти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро ба сабабҳои техникӣ рабт дода буд.

Tcell изҳор дошта буд, ки ба далели корҳои фаннӣ дар ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дастрасӣ ба бархе аз шабакаҳои иҷтимоию паёмрасонҳо масдуд шудааст ва аз мизоҷонаш барои дарки масъала миннатдорӣ намуда буд.

Лентаи хабарҳо
0