Кумитаи олимпӣ дар бораи Бозиҳои Осиё-2018: тоҷикон то ҳол медал нагирифтаанд

© AFP 2023 / ADEK BERRY Сборная Таджикистана на церемонии открытия летних Азиатских игр 2018
Сборная Таджикистана на церемонии открытия летних Азиатских игр 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони тоҷик рӯзҳои 20 ва 21 август низ дар Бозиҳои Осиё - 2018 натавонистанд, медале ба даст оранд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik.Тибқи иттилои Кумитаи олимпӣ, 21 август дар намуди камонварӣ варзишгарони тоҷик, Фирӯза Зубайдова, Зуҳро Тағоева миёни бонувон ва Умедҷон Худоёров иштирок карданд.

Женский турнир по футболу. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
32-0: бохти таърихӣ ва камназири тими мунтахаби Тоҷикистон (ВИДЕО)

Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни бонувон байни 66 нафар Фирӯза Зубайдова ҷойи 48-ум ва Зуҳро Тағоева ҷои 59-умро ишғол намуданд. Умедҷон Худоёров дар рақобати мардҳо миёни 79 нафар дар ҷои охир қарор гирифт.

Дар намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр Бежан Файзуллоев миёни мардон дар байни 40 нафар ҷои 34-умро ишғол кард.

Дар намуди гуштини юнонӣ-римӣ варзишгари тоҷик Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67 кило миёни мардон вориди гилем шуда, дар рақобати аввал аз варзишгари Чин бо ҳисоби 6:7 мағлуб гардид. Дар шиноварӣ варзишгарони мо Алиҷон Хайруллоев ва Олимҷон Ишанов дар қувваозмоии 50 метр ба таври озод миёни мардҳо дар гурӯҳҳои худ мутаносибан ҷойҳои 7-ум ва 6-умро ишғол карда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди голборон: куштигири маъруфи тоҷик бемор шуду ба майдон набаромад

Рӯзи 20 август тими футболи бонувони кишвар бо дастаи Чин вориди майдон шуда, б бо ҳисоби 0:16 шикаст хурда буд. Дар намуди тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр Тоҷиддин Валиев миёни мардон ва Малика Лагутенко миёни бонувон рақобат карданд. Тоҷиддин дар байни 44 нафар ҷои 34-ум ва Малика миёни 60 нафар ҷои 41-умро ишғол намуданд.

Дар шиноварӣ варзишгарони мо Тюрина Анастасия ва Климик Карина дар қувваозмоии 50 метр, баттерфлай миёни бонувон дар гурӯҳҳои худ ҷойи 7-умро ишғол карданд. Тюрина Анастасия, ҳамчунин дар масофаи 100 метр ба таври озод дар гурӯҳи худ охирин шуда ба марра расид ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гаштанд.

ФК Ласточка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзӣ бар андешаи куҳна: тавсифи Умед Давлатзод аз қолабшикании бонувони футболбози тоҷик

Миёни мардон бошад, Рамзиёр Хоркашов дар масофаи 50 метр ба таври пуштнокӣ (Backstroke) дар гурӯҳи худ аз ҳама охир ба марра расид. Дар намуди таеквондо Маҳмадҷон Суннатов дар вазни —58 кг вориди рақобат шуд. Ӯ дар даври 32-ниҳоӣ бар варзишгари Камбоҷа ғалаба кард, вале дар даври 16-ниҳоӣ аз варзишгари Эрон шикаст хӯрд. Дар гуштини озод Фарҳод Анақулов дар вазни 125 кг дар рақобати аввал аз намояндаи Муғулистон мағлуб гашт.

То имрӯз варзишгарони 22 давлат медалҳои бозиҳоро ба даст овардаанд. Намояндагони 16 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Се ҷои аввалро аз рӯи шумораи медалҳо Чин (62, 32 тилло, 18 нуқра, 12 биринҷӣ), Ҷопон (48, 12-18-18) ва Кореяи Ҷанубӣ (34, 8-12-14) ишғол кардаанд. Дар ҷои чорум кишвари мизбон — Индонезия ва дар ҷои панҷум Эрон бо 12-медалӣ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0