ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар ҷаласаи навбатии кории ҳукуматӣ субҳи 22 август кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи бадеияти барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ", ки дар доираи сафари раисҷумҳур дар Тошканд баргузор гардид, баҳои баланд додааст. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Раисҷумҳур қайд кардааст, ки фарҳангиёни тоҷик тавонистанд дар Узбакистон фарҳанги мардуми тоҷикиро ба таври шоиста муаррифӣ кунанд.
"Боиси зикр аст, ки дар сатҳи баланд баргузор гардидани барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ" барои рушди ҳамкориҳо замина ва муҳити мусоид фароҳам овард", — афзудааст манбаъ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки арзи сипоси раисҷумҳури Тоҷикистонро ба тамоми иштирокдорони барномаи "Шоми дӯстӣ" расонанд.
Ёдрас мешавем, барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ" шоми 17 август дар доираи сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд баргузор шуд. Дар он ҳунармандони тоҷику узбак баромад карданд.
Аз Тоҷикистон 170 ҳунарманд дар "Шоми дӯстӣ" иштирок доштанд.