Ҳалокати Сорбони 10-сола дар арафаи иди Қурбон дар Ховалинг

© Дафтари матбуотии ВУДҲалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сорбони Насимҷон ҳангоми гузаштан аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ ба садама дучор шуд. Маҳмадулло Шарифов аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавониста, кӯдаки 10-соларо пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар рӯзи арафаи иди Қурбон, 20 август дар ноҳияи Ховалинг дар пайи садамаи нақлиётӣ кӯдаки даҳсолае ба ҳалокат расид.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса тахминан соатҳои 11:10 дар шоҳроҳи Ховалинг-Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, ронанда Маҳмадулло Шарифов аз ӯҳдаи идораи худрави "Опел астра" баромада натавониста, ноболиғ Сорбони Насимҷони 10-соларо пахш кардааст.

Дар пайи ин садама, мутаассифона Сорбони Насимҷон ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ба иттилои ВУД аз рӯй ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0