Пешниҳоди нав: зиндон барои фурӯши ғайриқонунии симкорт

© Sputnik / Стас ЭтвешСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон метавонанд барои фурӯши ғайриқонунии симкортҳое, ки аз минтақаҳои сарҳадӣ оварда мешаванд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноиро барои гардиши ғайриқонунии симкорт бознигарӣ мекунанд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи Ассотсиатсияи операторҳои алоқаи мобилии кишвар Ғафур Иркаев хабар дод.

Тавре вай тавзеҳ дод, ҷавобгарии ҷиноӣ барои фурӯши симкортҳое, ки аз минтақаҳои марзӣ оварда шудаандё симкортҳое, ки ба номи дигарон ба қайд гирифта шудаанд, пешбинӣ мешаванд.

Эҳтимол меравад, ки бозори сиёҳи фурӯши симкортҳо пайдо шаванд, аммо мақомоти тоҷик метавонанд ба қонунгузории кишвар тағйирот пешниҳод кунанд, ки мувофиқи он қонуншиканонро зиндон интизор аст", — гуфт Иркаев.

Интизор меравад, ки ин пешниҳод пас аз 250-сомонӣ нархгузорӣ шудани як симкорт — 1-уми сентябр дар Тоҷикистон амалӣ шавад.

Дар шабакҳои иҷтимоӣ хабари гарон шудани нархи симкорт вокунишҳои шадидеро ба миён овардааст. Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон ин иқдомро ба хотири амният унвон кардаанд, корбароназ он изҳори норизогӣ мекунанд.

Дар кишвар 4 ширкати мобилӣ — "Бабилон", "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" ба мизоҷон хизматрасонӣ мекунад. Ҳамагӣ 4,1 миллион мизоҷи фаъол ба қайд гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0