Мардони сабзина, духтарони оҳучашм ва меҳмоннавозӣ: бардошти "Орёл и Решка" аз Тоҷикистон

Ведущие программы "Орел и Решка"
Ведущие программы Орел и Решка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтарони зебо, водиҳои зумурраддор ва рӯдҳои ғулғуладор - ин ҳама бардоштҳои муҷриёни барномаи "Орёл и Решка" буд, ки пас аз сафари навбатӣ ба Тоҷикистон ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бистуми август дар шабакаи "Пятница"-и Русия барномаи "Орёл и Решка" мунташир шуд. Барномаи нав ба Тоҷикистон ва Душанбе бахшида шуда буд.

Мувофиқи тартиботи барнома, яке аз муҷриён  ду рӯзро бо сарфи 100 доллар гузаронида, дигаре аз корти тиллоӣ метавонист дилхоҳ маблағро сарф кунад. Дар аввали барнома муҷриён сиккаеро ҳаво дода, муайян карданд, ки корти тилло ва 100 доллар ба кӣ насиб мекунад.

Чуноне ки маълум гардид, Настя Ивлеева соҳиби корти тиллоӣ ва Антон Птушкин соҳиби 100 доллар мешавад.

"Дар ду рӯз мо кӯҳҳои Тоҷикистонро фатҳ карда, бо одамони аҷиби кишвар ошно мешавем", — мегӯянд ровиён дар оғози барнома.

Настя барои саёҳат "Хаммер"-еро ба иҷора гирифт. Ӯ мехост ба кӯҳҳои Тоҷикистон сафар кунад.

 

 

Антон бошад ба хулоса омад, ки бо кӯмаки ронадагони хайрхоҳ ба ҷойи лозима расад.

Ӯ дар аввал ба бонке рафта, 100 долларашро ба 890 сомонӣ иваз кард.

Настя сайругашташро аз кӯчаҳои Душанбе оғоз кард. Вай таъкид намуд, ки ҷавонони тоҷик сабзинаянд ва мувофиқи мӯд либос мепӯшанд.

"Духтарон бошанд — хело зебоянд. Чашмонашон ба оҳувон вамаликаҳо монанд аст", — афзуд вай.

 Антон ҳам сайругаштро аз кӯчаҳои Душанбе сар кард.

Ҳарду муҷрӣ ҳам қайд карданд, ки Душанбе бисёр шаҳри сабз аст ва хиёбону кӯчаҳоои ободу васеъ ва тоза дорад. Настяро биноҳои бузургу боҳашамат шигифтзада карданд, Антон бошад Душанберо шаҳри қасрҳо номид.

"Тоҷикон Душанберо ба Дубай табдил додан мехоҳанд", — гуфт вай.

Сайёҳони хориҷиро ба тӯй даъват карданд - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикони меҳмондӯст: сипосгузории дучархасаворони хориҷӣ аз мардуми Хоруғ

Антон ба бозори "Меҳргон" рафт. Ӯ ин бозорро бо "Тоҷ Маҳал" қиёс карда, "Меҳргон"-ро "қасри хӯрока" номид.

Вай аз фаровонии меваҷот ба ҳайрат омада, хост каме мева харад, аммо вақте харидорон фаҳмидад, ки ба Тоҷикистон меҳмон шудааст, меваҷотро ройгон доданд.

Настя барои хӯроки чошт ба чойхонае рафт. Ӯро дар чойхона мусиқии тоҷикӣ, оши палав, самбӯса ва шӯрбо интизор буд. Настя гуфт, ки ҳамаи хӯрокҳои тоҷикӣ ба вай бисёр маъқул шуданд. "Агар ман дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардам, зани аз ҳама фарбеҳ будам", — афзуд вай пас аз истеъмоли ғизо.

Рӯзи дигар муҷриён ба минтақаҳои берун аз Душанбе сафар карданд. Онҳо аз Варзоб, Сафед-Дара, НБО Норак, "Чилдухтарон" ва Яғноб дидан карданд.

Дар деҳаи "Меҳробод" Антон ба қазияи аҷибе рӯ ба рӯ шуд. Вақте ӯ фаҳмид, ки дар наздикӣ меҳмонхонае нест, ду сокини деҳа пешниҳод карданд, ки шабро дар хонаи онҳо рӯз кунад. Аммо онҳо байни худ муайян карда наметавонистанд, ки ба хонаи кадоме аз онҳо меравад.

Абдулло — яке аз нафароне ки баҳс мекард, Антонро ба манзилаш бурд. Ӯро дар хонаи алоҳидае ҷой карда, барояш хӯрок омода карданд, ҳатто мусиқӣ навохтанд. Рӯзи дигар Абдулло Антонро ба намоиши Ҳулбук бурд.

"Дороии Тоҷикистон дар табиат, одамон ва анъанаҳои мардумаш аст. Ҷони Тоҷикистон ҳамин аст. Ту ин ҷо сайёҳ не, балки меҳмоне ҳастӣ. Тоҷикистон бояд номи кумитаи сайёҳиашро ба кумитаи меҳмоннавозӣ тағйир диҳад. Ин кишвар маро сахт шигифтзада кард", — қайд мекунад Антон.

Дар анҷом Настя як саддоллараеро дар кӯчаи Нисор Муҳаммад пинҳон карда, ба тоҷикистониён дар ёфтани он муваффақият хост.

 

Лентаи хабарҳо
0