Нӯҳ соли зиндон ба тоҷике, ки ба ҷойи чормағз ба Русия героин овард

© PixabayГрецкие орехи, архивное фото
Грецкие орехи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар дохили чормағзе, ки аз аз Тоҷикистон ба Русия меовард, 8 кг героинро ҷой кардааст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Додгоҳи ноҳиявии Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 9 соли зиндон дар маҳбасҳои низомаш сахт маҳкум кард. Ин марди тоҷик дар дохили пӯсти чормағз героин ҷой дода, ба Русия содир кардаст.

"Додгоҳ муайян кардааст, ки мард аз моҳи сентябри соли 2007 то декабри соли 2008 дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ наздикӣ 8 кг маводи мухаддири героинро харидорӣ кардааст", — хабар медиҳад додситонии Петербург.

Мард маводи мухаддирро дар халтае, ки дар он ба Санкт-Петербург чормағз меовард, ҷой дода, овардааст.

Мақомоти Петербург дар пайи чораҳои тафтишотӣ ин марди тоҷикро дастгир карда, маводи мухаддирро мусодира карданд.

Қочоқбари тоҷик дар додгоҳ ба ҷурми худ иқрор шудааст.

Додгоҳ ӯро ба 9 соли зиндон дар маҳбасҳои низомаш шадид маҳкум кард.

Лентаи хабарҳо
0