Иди Қурбон муборак: табрикоти идонаи Путин ва ситоиши ӯ аз Ислом

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин посетил Международный конгресс по кибербезопасности
Президент РФ В. Путин посетил Международный конгресс по кибербезопасности - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иди Қурбон ба накӯкориву адолат, шафқату парҳезгорӣ ва ҳурмату эҳтироми наздикону атрофиён даъват мекунад, гуфт Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мусалмонони кишварро бо иди Қурбон шодбош гуфт ва қайд кард, ки арзишҳои аслии Ислом ба муттаҳид кардани одамон мусоидат карда, ба дӯстиву рафоқат даъват мекунад.

 Ба гуфтаи Путин, иди Қурбон ба накӯкориву адолат, шафқату парҳезгорӣ ва ҳурмату эҳтироми наздикону атрофиён  даъват мекунад.

"Муҳим он аст, ки имрӯзҳо арзишҳои аслии Ислом ба ҳаёти маънавии мусалмонони Русия таъсири зиёде дорад. Он одамонро муттаҳид мекунад ва ба  дӯстиву рафоқат байни намояндагони миллат, дин ва фарҳангҳои гуногун дар Русия, ки решаҳои жарфи торихӣ доранд, мусоидат мекунад", — омадааст дар табрикоти раисҷумҳур.

Иди Қурбон яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад. Дар соли 2018 таҷлили иди Қурбон аз 21 август шурӯъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0