Дастархони пурфайзу бобаракат: таманниёти идонаи раиси Суғд ба мардум

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд, сокинони вилоятро бо Иди Қурбон шодбош гуфта,саломатию умри бардавом, хонаи обод, дастархони пурфайзу бобаракат ва оромию осоиши рӯзгорро орзу намудааст

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд,  Аҳмадзода дар паёми шодбошияш зикр кардааст, ки имсол аз вилоят беш аз 1600 нафар ба зиёрати маконҳои муқаддас сафарбар шуда, яке аз рукнҳои муҳими дини мубини Ислом — маросими ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд.

Празднование Ураза-Байрам в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин гуфт дар иди Қурбон "исрофкорон" ва "қиматфурӯшон"-ро ҷарима мекунад

"Умедворем, ки онҳо баъди адои маносики ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, барои баланд бардоштани одобу ахлоқ ва рафтору гуфтори ҳамида, тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши арзанда мегузоранд", — изҳор доштааст раиси Суғд.

Ӯ таъкид намудааст, ки мансабдорон,  имом-хатибони масҷидҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳу соҳибимкон вазифадоранд, ки барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рўзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо иқдоми хайрхоҳона намоянд.

Аҳмадзода изҳор доштааст, ки таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси баландҳиммат ба дастгирии ниёзмандон ва ободкориҳо дар вилоят ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.

"Бинобар ин, анҷом додани амалҳои неку савоб набояд танҳо дар доираи Иди Қурбон маҳдуд шавад, балки ҳамчун як рукни муҳим ва доимии фаъолияти созандагии мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо минбаъд низ идома ёбад", — изҳор доштааст раиси Суғд.

Лентаи хабарҳо
0