Ҳукми Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи мардони "алфонс"

CC0 / Pixabay / StockSnap / Свадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳукми шаръии мардони солимеро, ки аз ҳисоби занҳо зиндагӣ мекунанд, баён дошт

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Хонуми тоҷик, Зебо аз Шӯрои уламо дар бораи мардҳое суол кардааст, ки вазифаҳояшонро дар таъмини оила иҷро намекунанд.

"Дар ҳоле, ки мард тандурусту солим аст ва аз ҳисоби меҳнати зан мехӯрад. Оё дар ин ҳолат никоҳ бекор намешавад?", — суол кардааст  Зебо.

Шӯрои уламо дар посух ба ин суол дар сомонаи расмияш изҳор доштааст, ки дар ин ҳолат никоҳи онҳо барқарор аст.

"Вале агар шавҳар қасдан чунин рафтор кунад, сахт гунаҳгор мешавад, зеро воҷиботи илоҳиро тарк кардааст", — таъкид намудааст Шӯрои уламо.

Лентаи хабарҳо
0