Раддабандии нави ФИФА баъди ҶҶ-2018: Тоҷикистон як зина поин рафт

© Федерация футбола ТаджикистанаСборная Таджикистана по футболу, архивное фото
Сборная Таджикистана по футболу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА баъди Ҷоми Ҷаҳон - 2018, ки бо шеваи нав сурат мегирад, як зина поин рафтааст

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ФИФА, Тоҷикистон дар раддабандии моҳи июн дар зинаи 119 қарор гирифта, дар раддабандии моҳи август як зинаро аз даст дод.

Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА як зина боло рафт

Дар мавриди далели нашр нашудани раддабандӣ барои моҳи июл масъулини ФИФА изҳор доштанд, ки дар ин моҳ шеваи нави раддабандӣ коркарду татбиқ шудааст.

Бар асоси шеваи нав, ки гуфта мешавад, нисбатан мунсифона мебошад, аҳамияти бозиҳо ба назар гирифта мешавад ва ба натиҷаи бозиҳои дӯстона аҳамияти зиёд дода намешавад.

Беҳтарин нишондоди Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА моҳи июли соли 2013 — 106-ум ва бадтарин соли 2003-180-ум сабт шудааст.

Дар раддабандии ҷадиди ФИФА Фаронса 6 зина пеш рафта, ҷои якум гирифт. Белгия дар мақоми дуюм, Бразилия — 3, Хорватия — 4, Англия-6,  Олмон — 15, Русия-49 ва Миср дар мақоми 65-ум ҷой гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0