ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш зикр кардааст, ки мардуми мусулмони мо зимни таҷлили иди Қурбон рӯҳи гузаштагонро ёдовар мешаванд, манзили онҳоро зиёрат мекунанд, ба аёдати оилаҳои азодор мераванд ва амалҳои хайру савобро иҷро менамоянд.
Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти кофии моддиву молӣ воҷиб аст.
"Касоне, ки имконияти иҷрои чунин амалро надоранд, метавонанд бо муносибати нарми инсонӣ ва одобу ахлоқи ҳасана аз савобу баракати иди Қурбон баҳравар шаванд", — афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ изҳор доштааст, ки дар давраи омодагӣ ба ин иди саид ҳазорон нафар сокинони мамлакат фаризаи ҳаҷро, ки аз ҷумлаи рукнҳои панҷгонаи дини ислом маҳсуб меёбад, ба ҷо меоранд.
Раисиҷумҳур изҳори боварӣ намудааст, ки ҳоҷиён баъди бозгашт ба Ватан баргаштан ба ҷойи оростани дастурхону ташкил кардани маъракаҳои намоишкорона ба анҷом додани аъмоли савоб, аз ҷумла корҳои ободонӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва кумак ба муҳтоҷон бештар машғул шуда, кӯшиш мекунанд, ки дар ин ҷода намунаи ибрати дигарон бошанд.
"Дар хотир бояд дошт, ки ҳоҷӣ шудан танҳо маънои ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳамида, тарбияи рӯҳу ахлоқи пок ва кӯшиш барои инсони комил шудан аст", — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ зарурати покии забон ва дигар хислатҳои ҳамидаро таъкид намуда, фармудаи Худованд дар Қуръони маҷидро зикр намудааст: "Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизаҳои он чӣ шумо ба даст овардаед ва аз покизаҳои он чӣ барои шумо аз замин берун овардаем, харҷ кунед".
Раисиҷумҳур изҳори боварӣ намудааст, шахсони саховатпеша тибқи фармудаҳои Худованди мутаол дар ин рӯзи муборак дасти хайру сахо ва кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дареғ намедоранд ва бо ҳамин роҳ соҳиби савоби зиёд мегарданд.