ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ниҳоди навтаъсис Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон ном дошта, раисиҷумҳур барои он 35 воҳиди корӣ ва се мошини хидматӣ ҷудо кардааст. Воҳидҳои корӣ аз ҳисоби ихтисор дар сохторҳои дигари буҷавӣ фароҳам мешаванд.
Ҳукумат ҳадафи таъсиси ниҳоди навро мусоидат барои рушди содироти молҳои истеҳсоли Тоҷикистон хонда, таъкид намудааст, ки Агентӣ бояд барои рақобатпазир шудани маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар мусоидат кунад.
Таъсиси ниҳоди махсус барои содироти молҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар кишвар таносуби савдо манфӣ буда, ҳаҷми воридот аз содирот ба маротиб зиёд мебошад. Пойбандии Тоҷикистон ба молҳои воридотӣ пули миллиро низ осебпазир карда, иқтисоди кишварро ба омилҳои хориҷӣ вобаста кардааст.
Инчунин рақобатпазирии молҳои ватанӣ аз масоили мубрамест, ки Тоҷикистон зимни воридшавӣ ба Иттиҳоди АвруОсиё ба он таваҷҷуҳи зиёд медиҳад.