ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл, Владимир Путин дар тӯйи Карин Кнайсл ва соҳибкор Волфганг Майлингер иштирок карда, ба арӯс дастагул тақдим намудааст.
© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин дарит цветы министру иностранных дел Австрии Карин Кнайсль
Президент РФ Владимир Путин дарит цветы министру иностранных дел Австрии Карин Кнайсль
© Sputnik / Алексей Дружинин
/
Манбаъ мегӯяд, сипас раисиҷумҳури Русия арӯсро ба рақс даъват намуда ва тайи як соат дар тӯй иштирок доштааст.
Какая же свадьба без танцев? pic.twitter.com/Dde86Ml6yH
— Кремлевский пул РИА (@Kremlinpool_RIA) 18 августа 2018 г.
Путин бо ибрози нӯшбод бо забони олмонӣ навхонадоронро шодбош гуфта, ба онҳо тасвири деҳоти Русия, дастгоҳи истеҳсоли равған ва "самовар"-и русӣ тақдим намудааст.
Тӯйи хонадоршавии Карин Кнайсл, арӯси 53-сола ва Волфганг Майлингер, соҳибкори 54-сола 18 август дар ҷануби Австрия таҷлил шуд. Путин, ки бо сафари корӣ дар Аврупо қарор дошт, яке аз меҳмонони ин ҷашн буд.