Кофи Аннан, дабири кулли пешини СММ вафот кард

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкБывший генеральный секретарь ООН Кофи Аннан, архивное фото
Бывший генеральный секретарь ООН Кофи Аннан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи сабаби даргузашти дабири кулли пешини СММ маълумот дода намешад. Кофи Аннан 80 сол дошт

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Собиқ дабири кулли Созмони милали муттаҳид Кофи Аннан вафот кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории BBC.

Бино бар иттилои манбаъ, собиқ дабири кулл дар синни 80-солагӣ дар Швейсария вафот кардааст.

Сабаби марги Кофи Аннан алъон эълом нагаштааст.

Кофи Аннан дар соли 1997 дабири кулли СММ интихоб шуда, даҳ сол созмонро роҳбарӣ мекард. Аннанро дар соли 2001 бо ҷоизаи Нобел сазовор донистанд.

Кофи Аннан пеш аз дабири кулл интихоб шуданаш, дар соли 1992 ёвари дабири кулли СММ ва дар соли 1993 муовини дабири кулл интихоб мешавад.

Аннан забони англисиву фаронсавиро озод медонист ва бо чанд забони африқоӣ сӯҳбат мекард.

Лентаи хабарҳо
0