"Эл Юрт Ҳурматӣ": Мирзиёев ба Раҳмон орден дод (НАВОР)

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз президенти Узбакистон барои қадрдонӣ бо мукофоти олӣ сипосгузор шуд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари расмӣ дар Узбакистон бо ордени "Эл Юрт Ҳурматӣ" сарфароз гардид.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, маросими супоридани мукофоти давлатии Узбакистон 17 август дар ҳошияи барномаи ҳунарии "Шоми дӯстӣ" баргузор шуд.

 

Мукофоти давлатиро президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супорид.

" Раисҷумҳур "барои саҳми сазовор дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо" бо мукофоти "Эл Юрт Ҳурматӣ" сарфароз гардонида шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз президенти Узбакистон барои қадрдонӣ бо мукофоти олӣ сипосгузор шуд.

Ёдрас мешавем, дар барномаи "Шоми дустӣ" дар кохи "Узбекистон"-и Тошканд сараввал сарони кишварҳо суханронӣ карда, сипас санъаткорони тоҷику узбек ҳунарнамоӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти баромади хеш чанд ҷумла бо забони узбекӣ ва Шавкат Мирзиёев чанд ҷумла бо забони тоҷикӣ суханронӣ карданд.

Дар "Шоми дӯстӣ" аз Тоҷикистон бештар аз 170 ҳунарманд ширкат доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон 17 август бо сафари дурӯза вориди Тошканд шуд.

Лентаи хабарҳо
0