Салом ва сӯҳбати самимии Раҳмон ва Мирзиёев: навори пешвози раисҷумҳур дар Тошканд (НАВОР)

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в аэропорту
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон самимона ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, каме сӯҳбат карданд ва сипас ба назди кӯдаконе рафтанд, ки бо забони тоҷикиву узбекӣ шеър қироат намуданд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон дар саҳифаи Фейсбук навори мустақими пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Тошканд мунташир кард.

Дар навор дида мешавад, ки фурудгоҳ ба пешвози раисҷумҳури кишвари ҳамсоя идона оро дода шуда, ҳаъати расмӣ ва ҳунарии Узбакистон ба пешвози президенти Тоҷикистон баромаданд.

Сипас Шавкат Мирзиёев ба назди ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" равон мешавад, ки аз он Эмомалӣ Раҳмон мефаромад. Раисҷумҳурон самимона ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд ва каме сӯҳбат ҳам мекунанд. Духтари миллипӯше ба раисҷумҳури Тоҷикистон гул ҳадя мекунад.

Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳайъти вакилони Маҷлиси Узбакистон шинос мекунад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба назди кӯдаконе мераванд, ки дар васфи дӯстӣ ба забони тоҷикиву узбекӣ шеър мехонанд.

Аз ду тараф духтарони  миллипӯш бо забони тоҷикӣ ва узбекӣ раисҷумҳуронро хуш омадед мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо изҳори сипосгузорӣ мекунад. Раисҷумҳурон боз ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд ва ба дари даромадгоҳи фурудгоҳ равон мешаванд.

Ёдрас мешавам, имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари дурӯза вориди Тошканд шуд. Раисҷумҳур аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд дидан хоҳад кард. Инизор меравад, дар рафти ин сафар 23 санад ба имзо расад.

Лентаи хабарҳо
0