ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар барномаи ҳунарии "Шоми дӯстӣ" дар кохи "Узбекистон"-и Тошканд бо забони тоҷикӣ суханронӣ кард.
Раисҷумҳур сарсуханашро бо забони тоҷикӣ оғоз намуда, меҳмононро ба кишвар хушомадед гуфт ва сипас бо забони узбекӣ такрор кард ва суханрониашро бо забони русӣ идома дод.
"Ассалому алейкум, дӯстони азиз, бародарони тоҷик ва меҳмонони олиқадр. Иҷозат диҳед ба шумо ва дар симои шумоён ба халқи бародари Тоҷикистон аз номи худам ва халқи бародари Узбекистон ҳурмату эҳтиром изҳор намоям. Хуш омадед ба замини Узбекитстон", — гуфт раисҷумҳур.
Сипас Шавакат Мирзиёв мардуми тоҷику узбекро ду шохаи як дарахт номид ва таъкид намуд, ки ин дӯстиро бояд тақвият бахшид.
"Мардуми тоҷик ва узбек мисли ду шохаи як дарахтанд. Мо як дин, замин ва об дорем. Мо дар ғаму шарики якдигар якҷо ҳастем, як сарнавишт моро пайваст мекунад. Анъанаҳои неки гузаштагони худро идома дода, мо бояд дӯстии мардумонамонро тақвият бахшем ва ҳимоя кунем", — афзуд раисҷумҳур.
Барномаи "Шоми дӯстӣ" бо ширкати устодони ҳунари Тоҷикистону Узбакистон имрӯз, 17 август дар Тошканд баргузор шуд.